Lyrics

Дар зиндагӣ рафиқе Монанди якдигар нест Дар ёди давлати дӯст Аз душмане асар нест Ёрон ба роҳи ёрӣ Ғолиб ба ҳар рақибанд ... оламам нест То дӯстон қарибанд Дунё таронаи меҳр Бо дӯстони ҳамдам Бо ашку хандаҳое Дар рӯзи шодиву ғам Аз ҷурму аз хатоҳо Вораста метавонам Хоҳи нахоҳӣ ... Дар чашми дӯстонам Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон Ҷони ҷаҳон дӯстон Бо садоқат, бо муҳаббат Беҳтар зи ҷон дӯстон Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон Ҷони ҷаҳон дӯстон Меҳрубонон, ҳамзабонон Беҳтар зи ҷон дӯстон Қадри болои шумо Бардорад қадри маро Меҳратон гармӣ бахшад Дунёи даҳрӯзаро Сад дарду ранҷи олам Аз сар шавад гурезон То ҳамдами шумоям Эй дӯстон - азизон Бо шумо бешу ками ман Ба ганҷи замона баробар Аз шумост рӯҳи равонам Шоду меҳрбахшу тавонгар Дастатон медиҳад даст Дасти сад боғу бӯстон Дар ҷавоб оҷизам ман Эй меҳрубон дӯстон Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон Ҷони ҷаҳон дӯстон Бо садоқат, бо муҳаббат Беҳтар зи ҷон дӯстон Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон Ҷони ҷаҳон дӯстон Меҳрубонон, ҳамзабонон Беҳтар зи ҷон дӯстон Доим баробари ман Ёру бародари ман Номи накӯят эй дӯст Аз ширу шакари ман Дар оламе, ки касро Бо як дирам нагиранд Хуш бод ёди ёрон К-аз баҳри ҳам бимиранд Ҷон дӯстон, ҷон дӯстон Ҷони ҷаҳон дӯстон Меҳрубонон, ҳамзабонон Беҳтар зи ҷон дӯстон
Lyrics powered by www.musixmatch.com
instagramSharePathic_arrow_out